БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, гулӯдард (ангина), ларингид, бронхит, пневмония зиёд мешаванд. Нишонаҳои аввалини ин бемориҳо, асосан баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дарди гулӯ, бинипурӣ, хастагии ногаҳонӣ, бадҳолӣ ва дарди мушакҳо мебошанд. Дар ҳолатҳои вазнин душвории нафаскашӣ мушоҳида мешавад, ки дар чунин маврид шахс бояд ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Мутахассисони соҳаи тиб хусусияти баъзе бемориҳои мавсимиро чунин шарҳ медиҳанд:
Зуком
Тибқи иттилои мутахассисон, дар Тоҷикистон аз ҳама бештар вируси зуком, яъне ларингатрахетҳо мушоҳида карда мешаванд, ки бештари одамон ба он гирифтор ҳастанд. Нишонаҳои асосии ин беморӣ гуногунанд. Аз ҷумла, дарди сар, дарди бадан, дарди буғумҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, ҳарорати баланди бадан, беиштиҳоӣ ва дар кӯдакон дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, безобитагӣ, ҷорӣ шудани оби бинӣ, сулфазанӣ (хушку намнок), дар ҳолати вазнин гузаштани беморӣ дар кӯдакон хунравии бинӣ низ мушоҳида мешавад. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад.
Тавсияи пешгирикунанда аз зуком
Пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард намуд. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш намуд. Инчунин табибон истеъмоли каду, карам, сирпиёз ва асалро барои нигоҳ доштани қувваи муҳофизатии организм хеле манфиатнок мешуморанд.
Гулӯдард (ангина)
Ин бемории шадиди сироятӣ – бодигармӣ аст, ки бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Ин бактерияҳо аз он ҷиҳат хавфноканд, ки ба организми инсон паҳн шуда, ба мағзи сар, мушакҳои дил ва пӯст метавонанд зарар расонанд.
Беморӣ аввалан ба воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор ва истифода аз лавозимоти умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад.
Нишонаҳои ангина баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод ва сурхии забонча аст. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан бояд антибиотикҳо, аз ҷумла аспирин истеъмол намоянд. Инчунин ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм, ба монанди чой бо лимӯ ва бо асал тавсия дода мешавад.
Ин беморӣ метавонад оризаҳои гуногун ба вуҷуд орад, ба монанди бемории тарбод (ревматизм) ва ревмокардит. Бемор пас аз ду ҳафта ба ин ориза гирифтор шуда, тарбод метавонад касро маъюб кунад. Ҳамчунин тарбод мумкин аст ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расонад ва дар ин ҳолат заҳролудшавии бадан низ имкон дорад. Хулоса, бемории ангина бемории дорои хавфи миёна буда, беморонро зарур аст, ки онро ҷиддӣ табобат кунанд. Шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ва модарони кӯдакони бемор ба худмуолиҷа машғул нашуда, ҳатман бояд ба мутахассис муроҷиат намоянд.
Бронхит
Бронхит яке аз бемориҳоест, ки одамон ба он бештар дар фасли зимистон гирифтор мешаванд. Хурӯҷи сулфаи шадид нишонаи асосии бронхит аст. Ҳангоми бронхити шадид хурӯҷи сулфаи шадид ва беҳолӣ мушоҳида мешавад, ҳарорати бадани бемор метавонад боло равад ё муътадил бошад. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан беморро хурӯҷи тез-тези сулфа азоб медиҳад. Нафасгирии бемор душвор шуда, ҳангоми сулфа кардан балғами зиёд ҷудо мекунад. Бронхити музмин дар сурати дармон нашудан метавонад ба илтиҳоби шуш бианҷомад. Илтиҳоби шуш бемории хатарнокест, ки ба табобати фаврӣ ниёз дорад. Ҳангоми гирифторӣ ба он инсон лоғар шуда, дар бофтаҳои шушаш тағйирот ба вуҷуд меояд.
Инчунин оризаи дигари бронхит диққи нафас (астма) мебошад. Диққи нафас низ бемории хатарнок аст. Хатари бевоситааш он аст, ки хурӯҷи шабонаи нафастангӣ (хафақон) зуд-зуд такрор мешавад ва метавонад оқибати маргбор дошта бошад. Диққи нафас инчунин метавонад барои кори дил низ мушкилӣ эҷод кунад, бемор ҳатто ҳангоми оҳиста роҳ рафтан низ эҳсоси нафастангии шадид мекунад. Табибон бронхитро тавассути дору табобат мекунанд ва ҳангоми табобат риояи парҳез, фаъолияти ҷисмонӣ, машқҳо барои тақвияти нафаскашӣ хеле муҳим мебошанд.
Пневмония
Пневмония яке аз бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафас буда, асосан шушҳоро дар бар мегирад ва метавонад ба саломатӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Нишонаҳои беморӣ таби баланд ва сулфаи шадид аст, ки бо ихроҷи балғам ҳамроҳ мебошад. Балғам метавонад шаффоф, зард ё сабзранг бошад ва дар ҳолатҳои сирояти бактериявӣ метавонад бӯи бад дошта бошад, дарди қафаси сина, душвории нафаскашӣ ва тез шудани нафас (тахипноэ), хастагӣ ва заифӣ, ларзиш ва арақ кардани шадид ва кабудшавии лабҳо ва нохунҳо (цианоз) дар ҳолатҳои вазнин мебошанд. Бештар кӯдакон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Кӯдакон метавонанд сулфа ва табро суст нишон диҳанд, аммо бо аломатҳое, ба монанди бозгаштпазирии иштиҳо, гиряи доимӣ, беқарорӣ ё сустӣ, нафаскашии тез ва ақибмонии ранги пӯст зоҳир мешаванд.
Барои пешгирии ин беморӣ инсонҳо бояд ваксинаҳои зидди грипп ва пневмококк гиранд, оби ҷӯшонида нӯшанд, пӯшидани либоси мувофиқ дар ҳавои сарду тағйирёбанда ва тоза нигоҳ доштани муҳити хонаро фаромӯш насозанд.
Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ ҳузур дар ҷойҳои серодам тавсия дода намешавад. Бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи саломатӣ, пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустани дастҳо бо собун муҳим аст. Шамол додани мунтазами утоқҳои кориву истиқоматӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои серодам низ аҳамияти калон дорад. Гирифторони ин бемориҳо бояд ғизои солим ва нӯшокиҳои гарм истеъмол намоянд. Беморон ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, бояд тибқи тавсияи табибон амал намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид






