БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб дастур доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ҳамаҷониба таҳлил карда, барои бартараф намудани камбудию монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Дар марҳилаи аввал, яъне аз солҳои 2021 то 2025 аз ҳисоби буҷаи давлат ба маблағи 5 миллиону 298 ҳазору 605 сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ харида шуда, ба якчанд муассисаи таҳсилоти мамлакат ворид карда шуд.
Инчунин дар доираи амалишавии Барнома аз тарафи бахши идоракунии лоиҳаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 20 лоиҳаи байналмилалӣ 612 нафар олимони соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шуданд.
Инчунин 18 лоиҳаи дигар аз буҷети давлат маблағгузорӣ шудааст, ки аксар иҷрокунандагони лоиҳаҳо олимону мутахассисони варзида мебошанд.
Бо мақсади иҷрои бандҳои Барнома, дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо 167 озмоишгоҳи илмию таълимии замонавӣ таъмин карда шуданд.
Дар доираи татбиқи Барнома дар сессияи баҳорӣ ва зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон 4752 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуд. Хонандагон дар 21 бахш, аз ҷумла астрофизика, гидрохимия, физика, математика, информатика, химия, тиб, биология, генетика ва биотехнология, экология, география, геология ва ғайра иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат иброз доштанд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро дар мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад».
Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки масъулин «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».
Ҳамзамон ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Он ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат бахшида шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






