Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд

Январь 2, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади риояи қоидаҳои савдо, тарзи нигоҳдории маҳсулот, риояи талаботи қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Раёсати «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар якчанд бозор ва маркази савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Мутахассисон дар бозор ва якчанд маркази савдо ва муассисаҳои хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида, зиёда аз сад варақаи иттилотии «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад»-ро бо шарҳу тавсияҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии фурӯшандагон ва масъулони бозорҳо паҳн намуданд.

Ҳамчунин соҳибкорон ва фурӯшандагонро даъват намуданд, ки дар вақти ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ талаботи қонунҳоро оид ба қоидаҳои савдо, пӯшидани либоси корию нишони сарисинагӣ, ҳамлу нақли маҳсулот, шароити нигоҳдорӣ, таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот ва пешгирии вуруди маҳсулоти пастсифат ба бозорҳо риоя намоянд.

Дар баробари ин аз харидорон ва шаҳрвандон дархост карданд, ки  ҳангоми хариди ҳама намуди маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳо ҳатман ба сифат, муҳлати кафолат, санаи истеҳсол, муҳлати истеъмол ва маълумот дар бораи истеҳсолкунандаи он диққати ҷиддӣ диҳанд.

 АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

 

Январь 2, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид