Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон масоили рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва андозбандӣ баррасӣ гардид

Январь 26, 2026 11:04

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушд» ҷаласаи пленарии Конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа олимон, коршиносон, таҳлилгарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок намуда, масъалаҳои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳдидҳои муосиру самтҳои рушд ва ҳалли мушкилоти ин соҳаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба таҳкими низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ ва назорати давлатии молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, таъмини шаффофияти равандҳои молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, бахусус бахшҳои иқтисод, тиҷорат, муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ ва назорати молиявӣ нақши муҳим дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Январь 26, 2026 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд