Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат-оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеа» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода иброз дошт, ки «Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барномаи мукаммали рушди давлат ва ҷомеа, инчунин роҳнамои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат муаррифӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз на танҳо натиҷагирии марҳилаи муайяни рушди давлат, балки нақшаи возеҳу воқеии ояндаи устувори давлатдорӣ мебошад. Дар ин ҳуҷҷати муҳим тамоми самтҳои калидии ҳаёти ҷомеа- аз иқтисоди миллӣ, саноатикунонӣ ва рушди соҳибкорӣ то маорифу илм, сиёсати иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, ҳуқуқу қонунмандӣ ва таҳкими амнияти миллӣ мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд».
Иброз гардид, ки Пешвои миллат бо диди стратегии хос зарурати гузариш ба иқтисоди рақобатпазир, рушди технологияҳои муосир, рақамикунонии ҳама соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдориро таъкид менамоянд.
Яке аз самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳи махсус ба илм ва маориф мебошад. Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки бе рушди илм, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, инчунин бе тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботи замон ноил шудан ба рушди устувор ғайриимкон аст. Ин нукта аҳамияти махсус дошта, барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон масъулияти ҷиддӣ ва таърихӣ маҳсуб мешавад.
«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими илмию таҳқиқотӣ вазифадор аст, ки сиёсати илмиро мутобиқ ба дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пайваста такмил диҳад, таҳқиқоти илмиро дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод, сиёсати давлатӣ, идоракунии муосир ва тиҷорат ба роҳ монда, натиҷаҳои онро дар амалия татбиқ намояд. Ҳамзамон тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтироми қонун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ боқӣ мемонад»,- иброз намуд Шероз Муминзода.
Гуфта шуд, ки ин санади муҳим қутбнамоест, ки ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро барои саҳмгузорӣ дар ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад. Аз ин рӯ, мо бояд сарҷамъона фаъолият намуда, барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварем.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






