Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҷамъомад директори Агентӣ Сулаймон Султонзода таъкид кард, ки таъсиси мақомоти Агентӣ қадами устувор ва яке аз дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба шумор рафта, фаъолияти он ҳамчун мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони ин ниҳод дар низоми давлатдории кишвар пурсамар арзёбӣ мегардад.
«Давоми 19 сол ниҳоди мазкур дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии бо ин зуҳуроти номатлуб муборизабаранда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароити барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ фаъолияти пурсамар анҷом медиҳад», — гуфта шуд дар ҷамъомад.
Тазаккур дода шуд, ки кормандони Агентӣ барои амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ кормандони мақомот барои анҷом додани фаъолияти пурсамар ва гузоштани нақши арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳо, ифтихорномаву сипосноваҳо ва туҳфаҳои рамзӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул гардиданд, барои адои хизмати содиқона ба халқу Ватан савганд ёд карданд.
Ҳамзамон дар ин рӯз дар ҳамаи воҳидҳои маҳалливу минтақавии Агентӣ низ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






