Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад

Январь 10, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар мамлакат Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад. Ин намоиш-фурӯш ҳунармандону чакандӯзонро аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ оварда, имкон фароҳам меорад, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир мегарданд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин Фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, рассомон, «Тоҷикматлубот», кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат муваззаф гардидаанд.

Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯз, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гирад.

Маҳз баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф, суръати тоза бахшидан ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдон ва дигар намудҳои чеварӣ, густариши фаъолияти ҳунармандон, тарроҳону чеварон, сӯзанидӯзону чакандӯзон, қаламкашону наққошон, ҳамзамон, фаъолияти корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд