Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 21, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи Конфутсий хабар доданд.

Созишнома дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.

Созишномаи ҳамкорӣ дар таҳияи модели «ихтисос + забони чинӣ» ба роҳ монда шуда, ба рушди муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамояд.

Созишнома инчунин ба таъмини мубодила ва ҳамкории самаранок дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг, инчунин таблиғи таълими забони чинӣ дар муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Дар созишнома муқаррароте, ба монанди гузаронидани омӯзиш дар асоси ғайритиҷоратӣ бо риояи қатъии қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Ҳама чорабиниҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, ки дар доираи ин созишнома анҷом дода мешаванд, барои рушди таълими босифати забони чинӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пешбинӣ шудаанд.

АКС: Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд