Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд

Январь 21, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Форуми иқтисодии СПЕКА-2026 (Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ)  дар мавзуи «Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод: пайвастагии минтақавӣ барои рушди устувор» баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазоарти рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар форум аз Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар шакли маҷозӣ иштирок намуда, доир ба рушди иқтисоди Тоҷикистон маълумот дод.

Намояндаи Тоҷикистон иброз намуд, ки кишварҳои иштирокчии СПЕКА беш аз 35 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, вале ин имконот ҳанӯз пурра истифода нашудаанд.

Тоҷикистон дар таъмини рушди энергияи «сабз» ва афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин рушди соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, ба такмили долонҳои бисёрсамта, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва рақамикунонии расмиёти нақлиётӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми иқтисодии СПЕКА аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии (Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ) мебошад, ки ҳамасола дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад. Ин форум дар Тоҷикистон соли 2024 дар мавзуи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» доир гардида буд.

Форуми иқтисодии СПЕКА соли 1998 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд