Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли 2026 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35-киловолтаи «Қозидеҳ» шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон 70 фоизи сохтмони зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба анҷом расида, корҳои боқимонда мутобиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2025 ба сохтмони ин зеристгоҳи барқӣ оғози расмӣ бахшида буданд.
Бунёди зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» дар самти таҳкими инфрасохтори энергетикии вилояти Бадахшон аҳамияти хосса дошта, ба баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.
Татбиқи лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки талафоти техникии неруи барқ коҳиш ёфта, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим бо барқ беҳтар гардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






