Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) ва бо мақсади рушди соҳаи сайёҳию баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст сохтмони иншооти замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар мавзеи Искандаркӯли Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар 1,08 гектар бунёд мегардад. Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хизматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахона, ҷойи сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.
Бунёди иншооти мазкур қадами муҳиму саривақтӣ дар самти рушди устувори сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва муаррифии имконияти сайёҳии вилояти Суғд арзёбӣ мегардад.
Зимни гузоштани санги асоси иншоот таъкид карда шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисод ба ҳисоб рафта, татбиқи чунин лоиҳаҳо дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону навсозии инфрасохтори сайёҳӣ идома дошта, сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






