Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд

Январь 9, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру  ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Файзобод ва Варзоб баргузор гардид. Дар он  масоили омодагӣ ба конфронси  ҳисоботӣ-интихоботии шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ин шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ҳамоиш дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш бо раванди ободонию созандагӣ  дар маркази шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни тамошои осорхонаи таърихӣ бо таъриху  фарҳанги  ин шаҳри қадимӣ шинос гардиданд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 9, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд