Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 410 миллиону 455 ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар ин хусус 26 январ зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба ҷамъбасти соли 2025 иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар корхонаҳои саноатӣ дар шакли асл 665,8 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 36 тонна орд, 478,5 тонна маҳсулоти ширӣ, 129,3 тонна равғани растанӣ, 102 ҳазору 250 тонна семент, 1822,8 метри мукааб маҳсулот аз пластикаи физилӣ ва 3186,8 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол карда шуд.
Дар нишаст таъкид гардид ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети умумии ноҳия ба андозаи 101,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 175 миллиону 281,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






