Дар Москва машваратҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва машваратҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» оид ба масъалаҳои ҳамкории амалӣ бо мақсади татбиқи «Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2025 – 2027», ки дар натиҷаи Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, доир гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, мавқеи мамлакатро вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи қолаби мазкур иброз намуд.
Зимни вохӯрӣ роҳҳои татбиқи мунтазами мувофиқаҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, тиб, робитаҳои гуманитарӣ ва экологӣ муҳокима гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






