Дар Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ба истифода дода шуд

Январь 27, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Қизилработи ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ва низоми захиракунии энергия бо ғунҷоиши 600 кВт-соат ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба кор даромадани ин иншооти муҳим ба беҳтар гардидани таъминоти барқ ва расонидани неруи устувор ба хонаҳои сокинони ин минтақаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон мусоидат намуд.

Неругоҳи хурди офтобӣ бо истифода аз технологияҳои навини офтобӣ сохта шуда, имкон медиҳад, ки аҳолӣ новобаста аз шароити иқлим бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин гардад.

Татбиқи ин лоиҳа қадами муҳим дар самти рушди энергетикаи «сабз», коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияҳои баландкӯҳ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» дар 15 дeҳаи ноҳияи Мурғоб — Рангкӯл, Қаракӯл, Харгӯшӣ, Тохтамиш, Шаймоқ, Мамадзоир, Гулзор (Чечекде), Оқтал, Қизиларт, Ҷагигир, Шатпут, Башкумбез, Булункӯл ва Қизилором неругоҳҳои офтобӣ ба истифода дода шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 27, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»