Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Як ширкати Ҷумҳурии Мардуми Чин нақша дорад, ки дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳуни Вилояти Хатлон бо иқтидори 500 МВт неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «Dayu New Energy Limited» Давид Лиу масъалаҳои ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосир баррасӣ карда шуданд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Чин иқдоми Тоҷикистонро доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ дастгирӣ менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати «Dayu New Energy Limited» аз соли 2018 ба тиҷорати энергияи барқароршаванда машғул буда, ба сохтмон ва истифодаи неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ машғул аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






