Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони рушд ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ бунёди ду ҳавзи амудии бузурги об барои обёрии беш аз 200 гектар оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.
Иншооти муҳими обёрӣ, ки дар наздикии дарёи Зарафшон сохта мешавад, имконият фароҳам меорад, ки заминҳои нав азхуд карда шуда, гардиши кишоварзӣ васеъ ва рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия таъмин гардад.
Ҳавзҳои амудии об дорои иқтидори баланд буда, то фарорасии мавсими кишту кори баҳорӣ пурра омода ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон, таъмини оилаҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва ба бозорҳои ноҳияю ҷумҳурӣ баровардани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз сокинон ба қадри замин ва неъматҳои табиӣ бештар расида, барои бунёди боғҳо, азхудкунии заминҳои нав ва истифодаи самараноки онҳо талош менамоянд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёд ва ба истифода додани 595 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 625 иншооти гуногунсамт мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани ин иншоот 800 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






