Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Январь 27, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2027 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё, ки дар шаҳри Манамаи Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Дабири кулли Ассамблеяи парламентии Осиё доктор Муҳаммад Ризо Маҷидӣ  ва муовини Раиси Маҷлиси машваратии исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Ҳоҷӣ Бобоӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ бо Дабири кулли Ассамблеяи парламентии Осиё ҷонибҳо роҳҳо ва воситаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо  аҳаммияти мусоидат ба муколамаи байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо, инчунин тақвияти ҳамоҳангсозӣ байни парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Осиёро таъкид намуданд.

Дар вохӯрӣ бо муовини Раиси Маҷлиси машваратии исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷонибҳо хусусияти устувори муносибатҳои дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Эронро, ки бар пояи умумияти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, инчунин эҳтироми мутақобил ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, таъкид намуданд.

Ёдоварӣ гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат  аз замони барқароршавӣ (соли 1992) муваффақона рушд меёбанд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарламентӣ, табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни кумитаҳои соҳавии парламентҳои ду давлат зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муколамаи байнипарламентӣ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд