Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки ба Федератсияи Русия мераванд, метавонанд бо наздикону пайвандон ва ҳамкорон бо шарофати хизматрасонии роуминг дар алоқа бимонанд. Бастаҳои махсус имкон медиҳанд, ки аз ҳама хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аллакай аз дақиқаҳои аввали иқомат дар Русия истифода бурда шавад. Ёдрас мекунем, ки роуминг байни ду давлат чӣ тавр кор мекунад ва бастаҳои «Россия Онлайн» ва «Россия Онлайн 2.0» чӣ бартарӣ доранд?
Аутентификатсияро чӣ тавр бояд гузашт
Инак, шаҳрванди Тоҷикистон вориди фурудгоҳи Русия шуд. Ҳангоми бақайдгирии SIM-корт дар шабакаи шарик дар қаламрави Федератсия Русия даъватҳои овозӣ ба муштарӣ дарҳол дастрас мегарданд. Аммо хизматрасониҳои СМС ва таҳвили маълумот давоми 24 соати аввал муваққатан маҳдуд мебошанд. Барои фаъолгардонии маҷмуи пурраи хизматрасониҳо ба муштарӣ СМС бо суроғаи махсус барои аутентификатсия ирсол мегардад. Қоидаи муҳим: ба суроғаи зерин аз ҳамон дастгоҳе, ки дар он SIM-корт истифода бурда мешавад, бояд ворид шуд. Дар давраи аутентификатсия танҳо зангҳо дастрас мегарданд.
Баъди 5-10 дақиқа пас аз анҷоми муваффақонаи раванди аутентификатсия азнав ба кор даровардани телефон ё фаъол ва хомӯш кардани «Авиарежим» тавсия дода мешавад. Пас аз анҷоми ин амалҳо хизматрасониҳои СМС ва таҳвили маълумот одатан ба таври автоматӣ фаъол карда мешаванд. Дар минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия маҳдудияти муваққатӣ имконпазир аст.
«Россия Онлайн 2.0»: вақтро аз даст надиҳед!
Барои 24 соат интизор нашудан ва дарҳол аз хизматрасониҳои алоқа бе маҳдудият истифода бурдан ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бастаи «Россия Онлайн 2.0»-ро бо нархи 55 сомонӣ пешниҳод менамояд. Он 15 Гб трафики интернет, 15 дақиқаи зангҳоро ба рақамҳои Федератсияи Русия дар бар гирифта, давоми 30 рӯз амал менамояд.
Баста ба таври автоматӣ ҳангоми бақайдгирӣ дар шабакаи «МегаФон» дар Русия пайваст карда мешавад. Дар ин лаҳза тавозуни муштарӣ бояд на камтар аз 58 сомонӣ бошад ва барои истифода аз хизматрасонии «Роуминги қулай» ҳадди ақал 3 сомонии дигар зарур аст. Ҳангоми зарурат бастаи «Россия Онлайн 2.0»-ро тавассути дархости *305*75# ё замимаи «МегаФон Life» пайваст кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ҳама хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аз дақиқаҳои аввали иқомат дар Федератсияи Русия дастрас мегарданд.
«Россия Онлайн»: имконияти муносиб барои интернет
Барои муштариёне, ки асосан дар рӯзҳои аввали сафар ба интернети мобилӣ ниёз доранд, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бастаи «Россия Онлайн»-ро пешниҳод менамояд. Он 15 Гб-ро бо нархи 15 сомонӣ дар бар мегирад. Ҳаҷми трафики пешниҳодшударо давоми 30 рӯз истифода бурдан мумкин аст.
Баста барои шахсоне мувофиқ аст, ки дарҳол пас аз расидан аз алоқаи овозӣ фаъолона истифода намебаранду интернетро асосан барои паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Бастаи «Россия Онлайн»-ро тавассути дархости *305*55# ё замимаи «МегаФон Life» пайваст кардан мумкин аст.
Маълумоти муфассал дар бораи роуминг аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва пайвасткунии баста – бо суроғаи зерин. Онлайн ва дар алоқа бимонед!








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






