Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд

Январь 2, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.

Иштирокчиён оид ба аҳамияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамо ва ҳидоятгар барои рушди устувори ҷумҳурӣ, таҳкими иҷтимоӣ ва идомаи сиёсати созанда хизмат менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи фаъолияти занони меҳнатдӯст, нақши онҳо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисод, ҳамчунин дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон суханрониҳо намуда, имконияти баробарро барои иштироки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт таъкид карданд.

Иброз гардид, ки зан-модар ҳамчун неруи созанда ва пуштибони оилаи солим низоми иҷтимоии мамлакатро мустаҳкам месозад ва пешрафти ҷомеа ба саҳми занон нигаронида шудааст.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои пешбурди амалии ислоҳот, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, тавсеаи имконияти занон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлат хизмат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

 

Январь 2, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд