Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
НОРАК, 24.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди шаҳр санҷишҳои шабона гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Зимни санҷишҳо аъзои гурӯҳи корӣ ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва марказҳои дилхушӣ рафта, фаъолияти онҳоро дар робита ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаю тартиботи ҷамъиятӣ, реҷаи корӣ, инчунин масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғонро мавриди санҷиш қарор доданд.
Мақсади асосӣ аз баргузории чунин санҷишҳо тақвияти назорат, пешгирии қонуншиканиҳо, таъмини амнияти иҷтимоӣ, танзими фаъолияти марказҳои дилхушӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорон мебошад.
Зимни санҷиш ба масъулини марказҳои дилхушӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияю дастури мушаххас дода шуд. Ҳамчунин дар самти риояи талаботи қонунгузорӣ ва масъулияти иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак минбаъд низ бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа чунин санҷишҳо баргузор мекунанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






