Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд

Январь 15, 2026 15:40

ТУРСУНЗОДА, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар шаҳри Турсунзода дар заминаи бинои Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр бинои нави дуқабата, иборат аз маҷлисгоҳи муосир ва 5 утоқи корӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ сол ба сол афзуда, бобати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ  барои табибон ва беҳбуди саломатии ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар гардидани фаъолияти кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд».

Бинои нав бо таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин буда, барои баргузории ҷаласаю машварат ва фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам меорад. Изҳори умед карда шуд, ки ин иқдом ба рушди инфрасохтори тандурустии шаҳр мусоидат менамояд.

Зимни ҳамоиш  аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи тандурустӣ, сохтмончиён ва фаъолон «Сипоснома» тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 15, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд