Дар Тоҷикистон 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо назардошти мамлакати кӯҳистон будан 95,1 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ ҳамлу нақл карда мешаванд. Тавре Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 28 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2025 бо нақлиёти автомобилӣ 147,3 миллион тонна бор ва 1129,5 миллион мусофир интиқол дода шуд, ки мутаносибан 115,4 фоиз ва 110,8 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон Азим Иброҳим афзуд, ки соли 2025 тавассути нақлиёти автомобилӣ содироти бор 1208,9 ҳазор тонна, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 232 ҳазору 105 тонна ва воридот 2046,7 ҳазор тоннаро ташкил намуд.
Инчунин тавассути корхонаҳои нақлиёти автомобилии низоми Вазорати нақлиёти Тоҷикистон беш аз 1 миллиард мусофир ва 43,6 миллион тонна бор кашонида шуд. Гардиши мусофирбарӣ ба 9,8 миллиард мусофир ва гардиши бор ба 9,1 миллиард тонна км баробар шуд, ки нисбат ба соли 2024 мусофирбарӣ 111 фоиз, боркашонӣ 109,6 фоиз, гардиши мусофир 111,3 фоиз ва гардиши бор 117,6 фоизро ташкил дод.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд






