Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?

Январь 7, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, моҳи январ ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ (аз 15 то 31 январ) бориши борон ва  барф дар назар аст. Ҳавои моҳи январи имсола ба моҳи январи соли 2018 шабоҳат дорад.

Моҳи январ дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ  шуда, дар водиҳо то 5 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ дар рӯзҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри  иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Шабона ва саҳаргоҳон фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.

Дар  вилояти Суғд    ҳарорати ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 1+2 дараҷа гарм ва дар  ноҳияҳои кӯҳӣ 2-6 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2+7 то 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11-16 ва  рӯзона то 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ борон ва барф меборад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар дошта шуда, то 3-9 дараҷа хунук мешавад. Дар рӯзҳои боқимондаи моҳ ҳаво тағйир ёфта, шабона то 14 -19 ва рӯзона то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, туман мефарояд.

Моҳи январ дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон    14-17 дараҷа хунук мешавад. Давоми даҳрӯзаҳои аввал ва дуюми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, шабона то 22-27 ва рӯзона то 7-12 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.  Дар даҳрӯзаи сеюми моҳ, дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона то 30-35 ва рӯзона то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд