Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст

Январь 16, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус насли калонсоли мамлакат бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Чунин иброз намуд ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Қурбонзода.

14 январ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба тавсиб расид.

Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи нафақагирон то 1 январи соли 2025  836 ҳазору 690 нафарро ташкил медод, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи нафақагирон ба 877 ҳазору 260 нафар расид. Афзоиши нафақагирон 40 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад.

Муҳаммад Қурбонзода иброз намуд, ки зиёд гардидани андозаи нафақа яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии  Ҳукумати мамлакат барои дастгирии нафақагирон ва беҳтар гардидани зиндагии  онҳо мебошад.

Ба иттилои Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи ҷудогардида ба нафақагирон  дар моҳи январи соли 2025  411 миллиону 84,074 ҳазор сомонӣ ва дар моҳи январи соли 2026  464 миллиону 824, 86 ҳазор сомониро ташкил додааст, яъне 13 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Муҳаммад Қурбонзода, аз соли 2020 то инҷониб, яъне дар шаш соли охир дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи шаҳрвандон шаш маротиба зиёд гардидааст. Агар дар муқоиса бинем, андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон агар соли 2020  320 сомониро ташкил медод, соли 2025 ба 515 сомонӣ баробар гардид. Яъне андозаи миёнаи нафақаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст.

«Агар андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ соли 2025  644,62 дирам буд, он соли 2026  741,31 дирам мешавад. Инчунин андозаи миёнаи  нафақаи суғуртавӣ агар соли 2025  513,97 дирамро ташкил медод, имсол дар асоси фармони мазкур 591,06 дирам мешавад ва андозаи миёнаи  нафақаи иҷтимоӣ аз 358,79 дирам ба 412,60 дирам дар соли 2026 баробар мегардад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт карда мешаванд.

Ба таҳлили коршиносони соҳа, зиёд гардидани шумораи нафақагирон нишондиҳандаи дарозумрӣ дар мамлакат мебошад. Тавре 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  иброз намуданд, «аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».

Дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст.  Ба таҳлили коршиносон, омили дарозумрии инсонҳо беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус барои пиронсолон мебошад.

Тибқи пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид, сабабҳои зиёд шудани умри инсон рушди иқтисодӣ, кам шудани фавти кӯдакон, кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи муваффақона бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад. Дар он омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад