Дар Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи об Шурои миллии об таъсис дода шуд

Январь 30, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Шурои миллии об таъсис дода шудааст.

Тавре Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 29 январ дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 иттилоъ дод, Шурои миллии об бо мақсади фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии мамлакат таъсис дода шуд.

Инчунин таъкид шуд, ки ин мақом имкон медиҳад сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар платформаи ягона мутобиқсозӣ шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.

Иброз гардид, ки моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ҳифз ва идоракунии захираҳои об ва татбиқи сиёсати давлат дар самти идоракунии захираҳои оби мамлакат баррасӣ гардиданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд