Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Воридоти тухмии зироати кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад», — чунин омадааст дар моддаи 15 ва зербанди 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки 1 декабри соли 2025 ба тасвиб расид.
Тухмипарварӣ
Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифати зироат мебошад. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 хоҷагии махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ки вазифаи асосии онҳо таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятию инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусияти биологӣ мебошад.
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки «тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини кишоварзӣ дониста мешавад, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз тухмии хушсифат ишғол мекунад».
Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмии дараҷаи суперэлита тухмиеро меноманд, ки он то ҳол кишт нашудааст. Тухмие, ки бори аввал кишт гардидааст, онро элита мегӯянд. Он навъеро, ки ду бор кишт шудаю аз он тухмӣ гирифта мешавад, дар соҳаи кишоварзӣ репродуксия меноманд.
Пиллапарварӣ
Пиллапарварӣ яке аз шуғлҳои қадимтарин ва соҳаи сердаромаду афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ нақши созгор дорад.
Имсол дар баробари дигар бахшҳои кишоварзӣ барои пиллапарварони мамлакат низ имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Ниҳолшинонӣ
Аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевагӣ баргузор мегардад. Инчунин баргузории ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Аз хориҷи мамлакат дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз ворид ва дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои ҳудуди шаҳр шинонида мешаванд. Дарахтони аз хориҷи мамлакат воридгардида танҳо бо тавсияи олимону мутахассисони соҳа вобаста ба мутобиқ буданашон ба иқлими шаҳри Душанбе ворид ва дар минтақаҳои гуногун шинонида мешаванд.
Ҳадафи овардани дарахтон аз хориҷи мамлакат таъмини сояафканӣ ва ҳамешасабзӣ дар фасли зимистон, гуногун ва беҳтар намудани экосистемаи шаҳрӣ мебошад.
Чорвопарварӣ
Тиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки 1 декабри соли 2025 ба тасвиб расид, соли 2026 ворид намудани чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
Сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамасола имтиёз ва барномаҳоро амалӣ менамояд. Рушди соҳаи чорводорӣ аз нигоҳубин, хӯронидан ва зиёд намудани насли он вобаста мебошад. Ҳоло саршумори чорво нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6-7 фоиз зиёд аст.
Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои стратегии мамлакат буда, рушди ин соҳа имконият медиҳад, ки сокинони мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд.
«Аз соли 2013 инҷониб ворид намудани чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод мебошанд. Чорвопарварон аз ин имтиёз пурра бархӯрдоранд. Соли 2025 барои рушди соҳаи зотпарварӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат чорвои калони зотӣ ва моли майдаи зотӣ ворид гардид, ки ин ба беҳтар шудани сифати маҳсулоти чорво мусоидат менамояд. Ворид намудани чорво аз хориҷи мамлакат ба баланд бардоштани самаранокии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардидааст»,- гуфт Убайдулло Ҳабиб.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Чин баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ анҷом дода шуд
Телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро таҳия намуд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Дар Душанбе масъалаи таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он баррасӣ шуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид






