Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия карда шавад.
Соҳаи аграрӣ дар Тоҷикистон чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавқеи устувор дорад. Коршиноси соҳаи кишоварзии мамлакат Баҳодур Назарзода иброз намуд, ки муҳимтарин вазифаи соҳаи кишоварзӣ таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи он соҳаи кишоварзии мамлакат рушд намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад.
Ба андешаи масъулони соҳаи кишоварзӣ, ин қонун самтҳои асосии дастгирии давлатӣ, истифодаи оқилонаи замин ва об, татбиқи технологияҳои муосири аграрӣ ва мутобиқсозии соҳа ба тағйирёбии иқлимро муайян менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки рушди устувори мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум ба беҳбуди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.
Баҳодур Назарзода иброз дошт, ки барои пешбурди сиёсати агарӣ дар мамлакат бояд мақомоти марбута ва вазорату идораҳои дахлдор якҷоя талош намоянд, то дар шароити тағйирёбии иқлим, камобӣ, рақобати бозор ва ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ таъмин намоянд.
Иброз гардид, ки дар айни замон барои таъмини амнияти озуқаворӣ муосирсозии инфрасохтори обёрӣ, таҷдиди шабакаҳои ирригатсионӣ, амалӣ кардани технологияҳои каммасраф ва рушди усулҳои обёрии қатрагӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва истифодаи васеи технология бояд бештар гардад. Зеро амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Ба таҳлили коршиносони соҳа, таҳияи лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ қадами муҳим дар рушди соҳаи кишоварзӣ буда, ба баланд бардоштани устуворӣ ва рақобатпазирии кишоварзии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2008 Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тавре дар ин санад омадааст, сиёсати аграрӣ баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ, бо озуқа ва ашёи хом таъмин намудани саноати коркарди маҳсулоти соҳа, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимоя намудани молистеҳсолкунандагони комплекси агросаноатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мебошад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки сохтори аграрӣ — таносуби унсурҳои иқтисодӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ дар соҳаи аграрӣ мебошад, ки бо қонунгузории аграрӣ, зудамалии омилҳои истеҳсолӣ, мушаххасоти истеҳсолоти кишоварзӣ, шароити меҳнат ва зисту зиндагии аҳолӣ муайян гардидааст.
Яъне, мақсади сиёсати аграрӣ таъмин намудани инкишофи тамоми соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуқавории системаи бехатарии миллии ҷумҳурӣ иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».
Ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои соҳаи кишоварзӣ сол то сол бештар мегарданд. Зеро соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад






