Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таҳкими сиёсати хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро муайян менамояд.
Иброз шуд, ки дар даҳ соли охир бо шарофати татбиқи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ устувор ва рушди босуръати иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллӣ 7,6 фоизро ташкил намуд. Бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона карда шуд. Ҳамзамон нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Дар ин муддат шумораи аҳолии мамлакат 26 фоиз зиёд гардида, ба 10,7 миллион нафар расид, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол баланд шуд ва сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Инчунин даромади пулии аҳолӣ беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 165 миллиард сомонӣ баробар гардид. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4 фоизро ташкил дод.
Таъкид шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки дар соли 2026 суръати рушди иқтисодии мамлакат на кам аз 8 фоиз таъмин гардида, солҳои минбаъда устувории нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шавад.
Ба масъулин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вазифаҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






