Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дабирони кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ иштирок намуданд.
Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров самаранокии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва дастгирии раёсати Туркманистонро дар соли 2026 таъкид намуд.
Зимни чорабинӣ фаъолияти муштарак дар соли 2025 дар қолаби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст гардида, тадбирҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон иштироккунандагон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






