Доир ба бемории диабети қанд, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Январь 28, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои бандҳои алоҳидаи «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултетҳои самтҳои тиббӣ дар мавзуи «Бемории диабети қанд, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни конференсияи илмӣ-назариявӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки афзоиши шумораи гирифторони диабети қанд дар солҳои охир дар Тоҷикистон водор месозад, ки барои дарёфти роҳҳои табобату пешгирӣ ва коҳиши ин беморӣ  тадбирҳои муҳим андешида шаванд.

Таъкид шуд, ки тибқи маълумот, соли 2025 шумораи беморони диабети қанд дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 ҳазору 505 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора гирифторони диабети қанди навъи 1-ум 1388 нафар ва навъи 2-юми он 92 ҳазору 117 нафар мебошанд. Ба андешаи мутахассисону донишмандон, фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун сабабҳои асосии гирифторӣ ба ин беморӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки бемории диабети қанд солҳои охир дар байни ҷомеа зиёд ба назар мерасад. Яке аз сабабҳои асосии паҳн гардидани он пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок мебошад. Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд ирсӣ, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, иллати ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва ғадудҳои болои гурда бошанд. Сабаби пайдоиши бемории қанд на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ё истеъмоли нодурусти хӯрок низ шуда метавонад. Диабети қанд бемориест, ки имкони ба тамоми рагҳои бадан осеб расонидан дорад.

Дар ҷамъбаст мутахассисон доир ба пешгирии омилҳои асосии хатари гирифторӣ ба бемории диабети қанд ва роҳҳои ташхису табобати саривақтии он изҳори назар ва ба иштирокдорон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки пешгирии таъсири бади бемории диабети қанд- ин парҳез намудан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған ва шӯру тунд мебошад. Инчунин вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ доштану ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан барои рафъи ин беморӣ муҳим аст. Мувофиқи маслиҳати мутахассисон, барои бемор парҳез дар ҷойи аввал меистад. Парҳез фоҷиаву ноумедӣ нест ва як роҳи осони раҳоӣ аз аксар бемориҳо аст.

Табибон дар ҳама давру замон бар он ақидаанд, ки хӯрокҳои парҳезӣ (зудҳазм) истеъмол намудан ҳатто барои одамони комилан солим низ муфид аст. Парҳез намудан пеши роҳи пурхӯриро низ мегирад. Агар бо асарҳои бузургони гузашта шинос шавем, аксарашон одамони пурхӯр ва нопарҳезкорро мазаммат намудаанд. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди калонсолон ба пурхӯрӣ даст мезананд. Дар тӯй ва дигар маъракаҳо на танҳо якчанд навъи таом, балки дигар ғизоҳоро низ пайи ҳам истеъмол менамоянд, ки ин оқибати хуб надорад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 28, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад