«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Январь 29, 2026 14:38

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Озмун дар ҳошияи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ моҳи июн дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар як давр гузаронида шуда, дар он ҳама шаҳрвандони мамлакат, новобаста аз сину сол ва  сохаи фаъолият иштирок карда метавонанд.

Озмун ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамин, таъмину таҳкими сулҳу субот, амнияту оромӣ, ба ҳам овардани мардуми сарзамин дар замони истиқлоли давлатӣ, муаррифии дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои сулҳпарваронаю инсонпарварона дар заминаи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории озмун таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар заминаи корнамоиҳо ва ҳидоятҳои ватандӯстонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Озмун аз рӯи се номинатсия баргузор мегардад:

— Беҳтарин мақолаи илмӣ, таҳқиқотӣ, публитсистӣ, очеркҳои таърихӣ;

— Беҳтарин эҷоди назму наср (ҳикоя ва шеър);

— Беҳтарин суруд.

Маводи чопии ба озмун пешниҳодшаванда барои мақолаҳои илмӣ ва очеркҳои таърихӣ аз 10 то 16 саҳифа (1 ҷузъи чопӣ), барои мақолаҳои публитсистӣ, эҷоди назму наср  (ҳикоя ва шеър) аз 7 то 10 саҳифа буда, барои пешниҳоди суруд 3-7 дақиқа вақт муқаррар карда мешавад.

Тибқи талаботи озмун, маводи пешниҳодшавандаи довталабон бояд тозаэҷод ва қаблан дар ягон маҷаллаву рӯзнома ё саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва ё суруда нашуда бошад. Инчунин истифодаи зеҳни сунъӣ дар матни муаллифӣ ва фонограмма барои бахши сарояндагӣ манъ аст.

Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд то 30 май ба сарпараст ва масъули баргузории озмун — «Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107, телефони 2212024, 2212026 муроҷиат карда, маводро тавассути почтаи электронии info@vahdat-kokh.tj ирсол намоянд.

Бояд иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар феҳристи шахсиятҳои варзидаи олам мақоми шоиста доранд. Сарвари давлати тоҷиконро ҳамчун чеҳраи сиёсии муваффақ дар ҷаҳон эътироф намудаанд. Зеро дар баробари хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон боз танзимгари ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд.

Сиёсатмадорон ва бузургони ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пешвои сулҳофар, меъмори ваҳдати миллӣ ва сиёсатмадори дурандеш арзёбӣ намуда,  нақши ӯро дар эҳёи давлатдорӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва пиряхҳо беназир меҳисобанд.

Аз ҷумла, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор медорад, ки «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди Президенти Тоҷикистон  далели он аст, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хуб барои бисёр халқҳои мамолики дигар аст!».

Ҳамзамон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар бораи шахсияти Президенти Тоҷикистон иброз доштааст, ки «таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».

Дарвоқеъ, абармарди таърих- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давраи бунёдкорию созандагӣ равона намуда, волоияти қонун ва суботи комили сиёсиро дар мамлакат таъмин намудаанд.  Ҳамин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта  шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2026 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд