Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд

Январь 31, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ ҷаласаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  оиб ба  ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият  дар соли 2025  баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён иттилоъ дод, ки «соли 2025 Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе  104928 нафар аъзои ҳизбро дар 1112  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид намуд. Дар  давоми соли сипаришуда  21736 нафар шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, 72 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд».

Таъкид гардид, ки  ҳизбиёни  пойтахт бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳим андешида, бо анҷоми корҳои созандагию ободонӣ дар рушди  мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба  дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд, ибрози андеша намудаанд.

Таъкид  гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсию маърифатии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаббусҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ дар самти рушди инфрасохтори шаҳраку маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати оиладории занону модарони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ибрози андеша гардид.

Дар идома муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид саҳми арзандаи аъзои ҳизби пойтахт дар давраи ҳисоботӣ сухан намуд.

Дар ҷамъомад ғолибони озмуни  шаҳрӣ аз рӯи номинатсияҳои «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол», «Ташкилоти ибтидоии фаъол», «Вакили ташаббускор», «Корманди шоиста», «Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ» ва «Хабарнигори варзида» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин ба як зумра фаъолони ҳизбӣ «Сипоснома» ва  медалҳои ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Январь 31, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ намуд
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд