ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?

Январь 17, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи якуми моҳи ноябри соли 2026 дар Тоҷикистон Фестивали анорпарварон ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад. Фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ гардид, баргузор карда мешавад. Шарҳи АМИТ «Ховар» оид ба ҳадафи ин фестивал ва рушди соҳаи анорпарварӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.

Баргузории Фестивали анорпарварон барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам меоварад. Дар ин рӯз аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ барои парвариш ва интихоби навъҳои серҳосили ниҳоли анор ба боғпарварон тавсияҳои муфид пешниҳод мегардад.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 2700 гектар анорзор мавҷуд буда, панҷ навъи анор парвариш карда мешавад. Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, имсол дар мамлакат ҳосили анор кам гардидааст. Мушкилоти асосии соҳаи анорпарварӣ, ба гуфтаи боғдорон, зиёдшавии ҳашароту бемориҳои дарахтон, тағйирёбии иқлим ва сифати нуриҳои маъданӣ дар бозорҳои кишвар мебошанд.

Боиси нигаронӣ аст, ки имрӯзҳо бозорҳои истеъмолии мамлакат асосан бо анори аз хориҷи кишвар воридшуда таъмин мегардад, ки нархи он вобаста ба сифаташ аз 18 то 30 сомониро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди таъми лазиз доштан анори тоҷикӣ дар бозор фаровон нест. Саволе пайдо мешавад, ки сабаби кам гардидани ин мева дар чист ва барои ҳосили хуб гирифтан аз он чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

Мувофиқи Барномаи рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, рушди анорпарварӣ ба ҳадафи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, рушди содирот ва коҳиши вобастагӣ аз воридот нигаронда шудааст. Бо вуҷуди ин дар ҷумҳурӣ дар рушди соҳаи анорпарварӣ пешравӣ ба мушоҳида намерасад.

Масъулини соҳаро лозим аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намуда, барои рушди анорпарварӣ дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи иттилои мутахассисон, дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, аз 5 то 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов иброз намуд, дар ҷумҳурӣ анор дар бештари минтақаҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ парвариш карда мешавад.

«Бе нигоҳубини саривақтӣ дарахти анор ҳосили хуб ба бор намеорад. Аз ин рӯ ба кишоварзон тавсия дода мешавад, ки дарахтони анорро дар минтақаҳое, ки фасли зимистон ҳарорат нисбатан гарм аст, парвариш намоянд. Дар шароити хона хоҷагидорон метавонанд барои пешгирӣ аз сармо ва ҳосили хуб додани анор ниҳоли онро дар фасли зимистон таги хок намоянд, то аз сармо эмин нигоҳ дошта шавад», -мегӯяд Нуралӣ Ҳусейнов.

Инчунин мутахассис ба сокинон тавсия медиҳад, ки атрофи дарахтонеро, ки дар заминҳои наздиҳавлигӣ парвариш намудаанд, ҳамеша нарм нигоҳ доранд. Дар вақти гул кардани анор ҳашароти зараррасон дар он ҷой мегирад ва барои нест кардани он аз доруҳои зидди ин ҳашарот ва маҳлули зиддиуфунӣ (антисептик) истифода намудан зарур аст. Яъне барои тоза намудани гули анор аз ҳашарот пахтаро дар маҳлул тар карда, анорро пок бояд намуд.

Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки барои ба даст овардани ҳосили фаровон анорпарварон бояд пайваста корҳои агротехникӣ, аз ҷумла тоза кардани қаторҳои дарахтонро анҷом диҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад