РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — khizmat.ehukumat.tj мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ
Дар ин замина дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025 Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ гардида, номгӯйи 927 хизматрасонии давлатӣ ба таври мушаххас муайян карда шуд.
Ба ҳолати кунунӣ 60 номгӯй хизматрасонии давлатӣ ба портали ягона ворид гардида, барои истифодаи шаҳрвандон дар шакли электронӣ дастрас мебошанд.
60 номгӯй хизматрасонии давлатӣ
Ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт БЕ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт БО ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, маълумотнома дар бораи доштани ё надоштани доғи судӣ, иҷозат (талон) барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, баҳисобгирии тӯйҳои домодию арӯсӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, додани хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ ва пардохти андоз барои воситаи нақлиёт аз ҷумлаи 60 хизматрасонии давлатие мебошанд, ки ба ин портал ворид гардидаанд.
Тибқи нақша, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ марҳила ба марҳила то соли 2030 амалӣ шуда, тавассути портал пешниҳод мегарданд.
Таҳияи барномаи мобилии «ИМЗО»
Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи амният, осонии корҳои амалӣ дар ин самт барои айнияткунонии хизматгирандагон барномаи мобилии «ИМЗО» таҳия гардида, ҳоло барои истифода дар «Google Play» ва «AppStore» дастрас мебошад.
Барномаи «ИМЗО» ба шаҳрвандон имкон фароҳам меоварад, ки тавассути шинохти чеҳра (Face ID) ба утоқи шахсии худ ворид шуда, амалҳои заруриро барои дастрасӣ ба ин ё он хизматрасонӣ иҷро намоянд.
Маркази хизматрасонии давлатӣ дар Душанбе
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасонии давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо қабули ҳузурии шаҳрвандон таъсис дода шуд. Фаъолияти Маркази мазкур ва Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — «khizmat.ehukumat.tj» аз 17 ноябри соли 2025 дар шакли пилотӣ оғоз гардид.
Санадҳои электронии портал — дорои қувваи ҳуқуқии баробар бо ҳуҷҷатҳои коғазӣ
Шаҳрвандон ба Маркази хизматрасониҳои давлатӣ омада, расмиёти айнияткунониро мегузаранд ва минбаъд тамоми хизматрасониҳои ба Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ khizmat.ehukumat.tj воридгардидаро бе зарурати омадани такрорӣ дар шакли электронӣ дастрас менамоянд.
Ҳуҷҷатҳои электронии тавассути портал пешниҳодшаванда дорои қувваи ҳуқуқии баробар бо ҳуҷҷатҳои шакли коғазӣ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда буданд, ки «Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамиро зарур аст, ки барои пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд






