Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд

Январь 28, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафт ширкат ва корхонаҳои коркарди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон- «Водии меваҳо»,  «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Баракат Исфара», «Зардолуи Исфара», «Висол Исфара», «Алӣ Априкот» ва Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷагропромэкспорт» дар намоишгоҳи «Gulfood Dubai» иштирок доранд.  Ин намоишгоҳ аз 26 то 30 январи соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад, ки корхонаҳои коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Gulfood»  дар баробари 8500 корхона аз 195 кишвари дунё дар гӯшаи махсуси Тоҷикистон маҳсулоти тозатаринро манзури ҳазорон бинандагон аз саросари дунё намудаанд.

Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Ин намоишгоҳ иштироккунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон барои табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ ҷамъ меорад.

Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкони хуб фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияташонро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.

Менеҷери пешбурди содироти Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон Толиб Абдулаҳатов мегӯяд, ки “бо намоиши маҳсулоти аълосифати гуногун дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон азм доранд, ки аз байни дистрибюторҳо ва харидорон шарикони эҳтимолии байналмилалиро ҷалб карда, ҳамкории тиҷоратиро ба нафъи мамлакат рушд диҳанд. Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаи мамлакат мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд”.

Роҳбари корхонаи «Висол Исфара» Камол Идрисов бар он назар аст, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубе аст, ки мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро васеътар созем, бренди ширкатҳои худро дар бозорҳои беруна муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои нав дар бозор, талабот ва интизориҳои бозор шинос шавем ва аз навгониҳо огоҳ гардем”.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар вохӯриҳою ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, бо баррасиҳои босамар доир ба равандҳои нави соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид дарёфт мекунанд, ки ин барои рақобатпазирӣ дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 28, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст