«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд

Январь 15, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади шаффофият ва  дақиқияти холҳои бадастовардаи ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имсол ба Низомномаи озмун тағйирот вориид гардида, дар он портали электронӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Рёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳмонзода иброз намуд, ҳадаф аз таъсиси портали электронӣ он аст, ки дар он ғолибони даври дуюми озмун вобаста ба номинатсияҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пурра ба қайд гирифта мешаванд. Ин раванд шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад.

«Таҷрибаҳои қаблии баргузории озмун нишон медиҳад, ки баъзе довталабон бар хилофи низомнома такроран хоҳиши иштирок кардан доранд. Барномаи мазкур ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ менамояд»,- иброз дошт Аҳмадҷон Раҳмонзода.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, таъсиси портали электронӣ ҳамзамон ба пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат менамояд. Ин иқдом барои рақамикунонии озмуни мазкур дар оянда махзани пурраи маълумот мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.

Барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9  миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои гузаронидани озмун 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, 650 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чанд маротиба зиёд  ва он барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.

Бояд иброз намуд, ки бартарии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар он аст, ки барои иштирок дар онҳо ҳар нафар ҷаҳонбинии васеъ, илму дониш ва ғизои маънавӣ мегирад. Яъне иштирок дар озмунҳо ба худи шахс фоида меорад, бар замми ин онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳавасманд гардонида мешаванд.

Тағйироте, ки имсол ба озмун ворид гардид, яъне таъсиси портали электронӣ ба эҷоди муҳити таҳсили рақамӣ ва таҷрибаи нав дар самти таҳсили маҳаллӣ ва байналмилалӣ ишора менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Андешаҳо оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»