ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 масъалаҳои илму маориф ҳамчун самти калидии сиёсати давлатӣ мавқеи марказӣ доранд. Ин тасодуфӣ нест, зеро дар ҷаҳони муосир маҳз дониш, технология ва сармояи инсонӣ омили асосии пешрафти давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон низ роҳи рушди устуворро маҳз тавассути таҳкими низоми маориф ва пешбурди илми муосир интихоб намудааст.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки дастгирии илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Давоми беш аз се даҳсола соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, маблағгузории он сол ба сол афзоиш меёбад. Соли 2026 танҳо барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда худ далели равшани сиёсати пайвастаи давлат дар самти рушди инсон аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ бе мутахассисони соҳибмаърифат ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, такмили сифати таҳсилот, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди муосир вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб мешавад.

Бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва пешгӯии расидани шумораи хонандагон то чор миллион нафар дар 25 соли оянда Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки масъалаи омодасозии омӯзгорон, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилотро аз ҳоло дар мадди аввал қарор диҳад. Ин иқдом ба мутобиқшавии маорифи миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон мусоидат мекунад.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, бознигарии ҷиддии низоми кредитии таҳсилот мебошад. Гарчанде гузариш ба ин низом ба хотири ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ амалӣ гардид, имрӯз зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи бурду бохти он ба миён омадааст. Пешниҳод шуд, ки бо ҷалби гурӯҳи коршиносон сатҳи самаранокии низом баррасӣ гардида, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омили инсонӣ пурра бартараф карда шавад.

Дар ин замина нақши технологияҳои рақамӣ, тестҳои стандартӣ ва баҳогузории шаффоф хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ин иқдом на танҳо адолати таҳсилотро таъмин мекунад, балки эътимоди ҷомеаро ба низоми маориф таҳким мебахшад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди илм, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ (2020–2040) иқдоми стратегӣ буда, ҳадафи он омода намудани насли навовар, муҳандисон, технологҳо ва олимони ҷавон мебошад. Зарур дониста шуд, ки натиҷаҳои шаш соли татбиқи ин барнома ҳамаҷониба таҳлил гардида, камбудиҳо бартараф карда шаванд.

Самти дигаре, ки аҳаммияти байналмилалӣ дорад, омӯзиши пиряхҳо ва илмҳои криосфера мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим рушди ин самти илмиро ҷузъи сиёсати давлатӣ мешуморад. Пешниҳод гардид, ки Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода шавад, то имконияти илмӣ ва таҳқиқотӣ боз ҳам густариш ёбанд.

Дар баробари ин, дар ин санади муҳим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ донистани забонҳо омили муҳими рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнати байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба падару модарон ва омӯзгорон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки тарбияи дурусти фарзандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифат вазифаи умумимиллӣ аст.

Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бори дигар собит намуд, ки роҳи ояндаи давлат аз мактабу донишгоҳ, илму маориф ва насли босаводу худогоҳ мегузарад. Агар мо хоҳони давлати пешрафта, иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи солим бошем, бояд имрӯз ба илм ва таҳсил ҳамчун арзиши олӣ муносибат намоем. Зеро маҳз маориф кафили ояндаи дурахшони миллат аст.

Фирӯзҷон ҒАФФОРОВ,
муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
оид ба татбиқи стратегияҳо 
ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Январь 28, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд