Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳи бориши барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






