Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид






