Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 09:00 дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А.Адҳамов,11/2 рӯ ба рӯи Литсейи рақами 4) доир мегардад.
Дар Агентии содирот нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соати 11:00 доир мегардад.
Дар Кумитаи забон ва истилоҳот нишасти матбуотӣ соати 13:00 баргузор карда мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






