ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд

Январь 15, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон яке аз ислоҳоти муҳиму фарогири солҳои охирро амалӣ гардонид, ки дар натиҷа 44 номгӯй ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ ва 43 зернамуди фаъолияти онҳо бекор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон бо ин шумораи умумии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 208 то 164 номгӯй ва мақомоти иҷозатдиҳанда аз 33 ба 30 мақомот коҳиш дода шуд.

Ислоҳоти амалишуда се гурӯҳи асосии абзорҳои танзимкунандаро дар бар гирифта, ба содагардонии муҳити соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории мамлакат нигаронида шудааст. Аз ҷумла, шумораи иҷозатномаҳои амалкунанда аз 78 то 68, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 71 то 56 ва санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 56 то 37 адад коҳиш дода шуд.

Ин ислоҳот бо ворид намудани тағйирот ба қонунгузории самти низоми иҷозатдиҳӣ, ки 17 декабри соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, аз 23 декабр эътибор пайдо кардааст, амалӣ гардид.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳот оид ба такмили қонунгузории самти низоми иҷозатдиҳӣ, рақамикунонӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.

Дар марҳилаи аввал бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз соли 2023 шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 72 номгӯй ё 25 дарсад коҳиш дода шуда, аз 280 номгӯй ба 208 номгӯй расонида шуд.

Дар маҷмуъ, татбиқи ин тадбирҳо на танҳо шумораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳии барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ зарурӣ, балки ҳамчунин асосҳои ҳуқуқиеро, ки мақомоти давлатӣ метавонанд дар заминаи онҳо санҷишҳоро оғоз намоянд, коҳиш медиҳад.

Ин иқдом дар баробари содагардонии равандҳои иҷозатдиҳӣ сарборӣ ва хавфҳои маъмуриро барои субъектҳои соҳибкорӣ ба таври назаррас коҳиш дода, сатҳи шаффофияту самаранокиро баланд мебардорад ва барои рушди устувори соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид ва пешгӯишаванда фароҳам меорад. Ин ислоҳот бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон омода аст дар роҳи эҷоди муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонӣ ҳамқадам ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ мавқеи рақобатпазир дошта бошад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид