Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид

Январь 30, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ шудааст, таҳия ва нашр гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» зиёда аз 60 ҳазор калимаро дар бар гирифта, дар он меъёрҳои таърихӣ пайгирӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳот ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баррасии васеи донишмандон қарор гирифта буд.

Тавре аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд, ҳар як калимаи дар фарҳанг дарҷшуда аз назари донишмандон, мутахассисони варзида, докторҳо ва номзадҳои илм гузаронида шудааст.

Ҳадафи нашри китоб истифодаи дурусти калимаю истилоҳот буда, ба доираи васеи хонандагон  пешниҳод карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд