Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад

Январь 15, 2026 09:04

ДУШАНБЕ, 15.01.2026./АМИТ «Ховар»/. То семоҳаи якуми соли равон лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дастгирии соҳаи пахтакорӣ то ба эътидол омадани вазъи соҳа пешниҳодҳои заруриро доир ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Бояд гуфт, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои ҳаётан муҳим ва асосии кишоварзӣ буда, рушди устувор ва инноватсионии дар рушди иқтисод, иҷтимоиёт ва амнияти озуқавории мамлакат нақши бузург дорад. Пахтакорӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро рушди саноати сабук, хӯрокворӣ ва содирот аз он вобаста мебошад.

Қабул ва амалӣ гардидани «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» имконият медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ пахтакорӣ на танҳо аз буҳрони иқтисодӣ эмин монад, балки ба сатҳи баландтарини рушди устувор ва инноватсионӣ бирасад.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор масъалаи муҳим дар ин самт мебошад.

Дар ҳақиқат, яке аз масъалаҳои муҳим дар ин самт нархи ашёи хоми пахта мебошад. Нархи он бояд илман асоснок, оқилона ва бо назардошти арзиши аслии истеҳсолот муайян гардад. Ин масъала бояд ба манфиати ҳарду ҷониб: деҳқон ва заводҳои коркарди пахта хизмат кунад ва нобаробариро бартараф намояд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки бо дарназардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро ҷорӣ намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 15, 2026 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд