МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар 40 соли охир дар ҷаҳон шумораи гирифторони диабети қанд чаҳор маротиба афзудааст. Агар беморӣ сари вақт ташхис ва назорат карда нашавад, метавонад сабаби мушкилоти ҷиддӣ, яъне бемориҳои дилу рагҳо, осеби гурдаҳо, осеби асабҳо, паст шудани биниш, захмҳои пой ва буридани узвҳо гардад. Барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ чӣ бояд кард?
Ба тавсияи табибон, парҳез роҳи муҳими пешгирӣ ва табобати ин беморӣ ба шумор меравад. Ғизои дуруст бадани инсонро солим нигоҳ дошта, мустаҳкам ва бемориҳои аз ғизо вобастаро пешгирӣ менамояд. Яъне истеъмоли ғизои мувофиқ ва парҳез дар пешгирӣ ва табобати бемории диабети қанд нақши муҳим дорад. Пас барои пешгирии ин беморӣ кадом навъи маҳсулотро бояд истеъмол намуд?
Маҳсулоти нон ва нонӣ
Истеъмоли аз ҳад зиёди маҳсулоти нон ва нонӣ метавонад боиси вазни зиёдатӣ ва диабети қанд гардад. Нони гандумӣ (ғалладона) нахи бештар дошта, солимтар аст. Истеъмоли нони сиёҳи аз орди навъи паст омодашуда, нони ҷавӣ, нони сабӯсӣ, сафеди гандумӣ аз орди навъи II тақрибан 200-300 грамм тавсия дода мешавад.
Хӯроки моеъ (обдор)
Агар мехоҳед меъдаатон солим ва баданатон боқувват бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол кунед. Табибон ба нафароне, ки ба бемории диабети қанд гирифтор мебошанд, тавсия медиҳанд, ки бештар хӯроки моеъ (обдор, суюқ) истеъмол намоянд. Бояд хӯрокҳои моеъ, ба монанди карамшӯрбо, мурғшӯрбо, бедонашӯрбо, лаблабушӯрбо ва хӯрокҳое, ки аз сабзавот омода шудаанд, истеъмол кард.
Маҳсулоти гӯштӣ
Барои гирифторони бемории диабети қанд истеъмоли таомҳои гӯштиеро тавсия медиҳанд, ки гӯшти он бояд обҷӯш шуда бошад. Яъне гӯшти беравған, гӯшти паранда, моҳӣ дар шакли ҷӯшонида ё дар бӯғ омода шуда бошад. Истеъмоли гӯшти бирён ва дар равғани зиёд пухташуда тавсия дода намешавад.
Маҳсулоти ширӣ ва тухм
Истеъмоли шир, ҷурғот, дӯғ, творог, қаймоқ ба гирифторони бемории диабети қанд ба миқдори кам тавсия дода мешавад. Тухм 2 дона, дар намуди омлет ва ё ба тарзи илова ба таомҳо ва дар об пӯхташуда иҷозат дода мешавад.
Сабзавот
Сабзавоте, ки карбогидратҳо доранд (бодиринг, помидор, карам, боимҷон, турбча, турб, замбурӯғҳо, каду, шибит), истеъмоли онҳо дар як шабонарӯз 600-800 грамм тавсия дода мешавад.
Мева ва буттамева
Мева ва буттамеваҳо беҳтарин роҳи иваз намудани ширинӣ мебошанд. Бофтаҳои ғизоии таркиби он боиси ба оҳистагӣ ҷаббида шудани фруктоза мегардад. Илова бар ин, аксари меваю буттамеваҳо витамину антиоксидант доранд. Дар як рӯз истеъмол намудани 300-400 грамм мева тавсия дода мешавад. Ба беморони қанд истеъмоли меваҳои начандон ширин (себ, олуи туршмазза) тавсия дода мешавад, вале аз ангур, банан ва хурмо бояд худдорӣ намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






