МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад

Январь 17, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар 40 соли охир дар ҷаҳон шумораи гирифторони диабети қанд чаҳор маротиба афзудааст. Агар беморӣ сари вақт ташхис ва назорат карда нашавад, метавонад сабаби мушкилоти ҷиддӣ, яъне бемориҳои дилу рагҳо, осеби гурдаҳо, осеби асабҳо, паст шудани биниш, захмҳои пой ва буридани узвҳо гардад. Барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ чӣ бояд кард?

Ба тавсияи табибон, парҳез роҳи муҳими пешгирӣ ва табобати ин беморӣ ба шумор меравад. Ғизои дуруст бадани инсонро солим нигоҳ дошта, мустаҳкам ва бемориҳои аз ғизо вобастаро пешгирӣ менамояд.  Яъне  истеъмоли ғизои мувофиқ ва парҳез дар пешгирӣ ва табобати бемории диабети қанд нақши муҳим дорад. Пас барои пешгирии ин беморӣ кадом навъи маҳсулотро бояд истеъмол намуд?

Маҳсулоти нон ва нонӣ

Истеъмоли аз ҳад зиёди маҳсулоти нон ва нонӣ метавонад боиси вазни зиёдатӣ ва диабети қанд гардад. Нони гандумӣ (ғалладона) нахи бештар дошта, солимтар аст. Истеъмоли нони сиёҳи аз орди навъи паст омодашуда, нони ҷавӣ, нони сабӯсӣ, сафеди гандумӣ аз орди навъи II тақрибан 200-300 грамм тавсия дода мешавад.

Хӯроки моеъ (обдор)

Агар мехоҳед меъдаатон солим ва баданатон боқувват бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол кунед. Табибон ба нафароне, ки ба бемории диабети қанд гирифтор мебошанд, тавсия медиҳанд, ки бештар хӯроки моеъ (обдор, суюқ) истеъмол намоянд.  Бояд хӯрокҳои моеъ, ба монанди карамшӯрбо, мурғшӯрбо, бедонашӯрбо, лаблабушӯрбо ва хӯрокҳое, ки аз сабзавот омода шудаанд, истеъмол кард.

Маҳсулоти гӯштӣ

Барои гирифторони бемории диабети қанд истеъмоли таомҳои гӯштиеро тавсия медиҳанд, ки гӯшти он бояд обҷӯш шуда бошад. Яъне  гӯшти беравған, гӯшти паранда, моҳӣ дар шакли ҷӯшонида ё дар бӯғ омода шуда бошад. Истеъмоли гӯшти бирён ва дар равғани зиёд пухташуда тавсия дода намешавад.

Маҳсулоти ширӣ ва тухм

Истеъмоли шир, ҷурғот, дӯғ, творог, қаймоқ ба гирифторони бемории диабети қанд ба миқдори кам тавсия дода мешавад. Тухм 2 дона, дар намуди омлет ва ё ба тарзи илова ба таомҳо ва дар об пӯхташуда иҷозат дода мешавад.

Сабзавот

Сабзавоте, ки карбогидратҳо доранд (бодиринг, помидор, карам, боимҷон, турбча, турб, замбурӯғҳо, каду, шибит), истеъмоли онҳо дар як шабонарӯз 600-800 грамм тавсия дода мешавад.

Мева ва буттамева

Мева ва буттамеваҳо беҳтарин роҳи иваз намудани ширинӣ мебошанд. Бофтаҳои ғизоии таркиби он боиси ба оҳистагӣ ҷаббида шудани фруктоза мегардад. Илова бар ин, аксари меваю буттамеваҳо витамину антиоксидант доранд. Дар як рӯз истеъмол намудани 300-400 грамм мева тавсия дода мешавад. Ба беморони қанд истеъмоли меваҳои начандон ширин (себ, олуи туршмазза) тавсия дода мешавад, вале аз ангур, банан ва хурмо бояд худдорӣ намуд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд