Масоили рушди ҳамкории сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид

Январь 27, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Нодир Алпаслан мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории ду давлатро дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тавсеаи робитаҳо байни мақомоти соҳавӣ ва ширкатҳои сайёҳии ду мамлакат зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо оид ба табодули таҷриба дар бахшҳои банақшагирӣ ва идоракунии минтақаҳои сайёҳӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ, инчунин ҷалби сармояи туркӣ ба зерсохторҳои сайёҳии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Дар баробари ин, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва табодули мутахассисони соҳа ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Январь 27, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд