«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид

Январь 22, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҳашари тозакунии барф ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Ин амал бо мақсади таъмини бехатарии роҳгузарон ва пешгирӣ намудан аз шикаста гардидани навдаи дарахтон ба роҳ монда шуд, ки барои дигарон шоистаи пайравӣ мебошад.

Волонтёрон бо ҳисси баланди масъулият ва эҳсоси шаҳрвандӣ тасмим гирифтаанд, ки мунтазам чунин иқдоми хайрхоҳона амалӣ намуда, дар ободонӣ ва тозагии муҳити зист саҳми арзанда гузоранд.

Волонтёрон ҳамарӯза бо мақсади тозаву озода намудани муҳити зист чунин тадбирҳо ба роҳ мемонанд.

Дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо ва ташкилоти он, инчунин ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» зиёда аз 10 ҳазор волонтёрон фаъолият намуда, ҳамарӯза дар пешрафти ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакат низоми хайрхоҳӣ бисёр фаъол гардида, ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо бахусус дар баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд дар пойтахт саҳми назаррас доранд.  Аз ин хотир ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Аз ҷумла, волонтёрон дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд, саҳми назаррас гузоштанд. Волонтёрони фаъол барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ — интихобот низ ҷалб шуда буданд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлуи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд. Аз ҷумла, волонтёрон  дар давраи пандемия дар пешгирии Сovid-19  бо ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводи тавсиявии  видеоӣ ва намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Бояд гуфт, ки барои беҳтар намудани фаъолияти волонтёрӣ ҳанӯз соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян менамояд. Ин қонун инчунин муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият ба танзим медарорад.

Ҳамзамон барои фаъолияти онҳо «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мешавад. Он барои волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ ва ҳамоҳангсозӣ ба ҳалли мушкилиҳои гуногун мусоидат менамояд.

Бояд иброз намуд, ки волонтёрӣ ё амали ихтиёрона  фаъолияте аст, ки ҳазорсолаҳо байни мардуми мо бо шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Падарону бобоёни мо ин навъи фаъолиятро бо мақсади ободу зебо гардонидани Ватан, густариши худшиносии миллӣ, дӯст доштани сарзамин ва дасти кумак расонидан ба шахсони ниёзманд дар шакли ҳашар пайваста истифода менамуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд