Намояндаи Тоҷикистон бо Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба об мулоқот намуд

Январь 30, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Фиристодаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об Ретно Марсудӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, мавзуъҳои меҳварии мулоқотро тақвияти татбиқи уҳдадориҳои ҷаҳонии марбут ба об ва ба роҳ мондани амалҳои мушаххас дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор (SDG 6) ташкил доданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва таъмини дастгирии сиёсӣ дар пешорӯи Конфронси оби СММ-2026 мубодилаи афкор карда, аҳамияти натиҷаҳои ҷаласаи тадорукотии сатҳи баланд дар Дакар, инчунин чорабиниҳои муҳими минбаъдаи марбут ба об, аз ҷумла ҷаласаи сатҳи баланд дар моҳи март дар Ню Йорк ва Конфронси 4-уми оби Душанберо ҳамчун платформаҳои муносиб барои тақвияти шарикӣ, мубодилаи таҷриба ва роҳҳои ҳалли амалӣ арзёбӣ намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Январь 30, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид