Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Орван»-и Теҳрон китоби «Ҳазор марворид»-ро аз чоп баровард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ECO/.
«Ҳазор марворид» бо ибтикори коршиноси тоҷик дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Шоҳмансури Шоҳмирзо ба нашр расид. «Ҳазор марворид» ном гирифтани китоб рамзист, зеро дар он ҳазор зарбулмасал аз даҳ кишвари аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ –Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия гирд оварда шудааст.
Дар нашри китоби «Ҳазор марворид» сафоратхонаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Муассисаи фарҳангии ЭКО саҳми муносиб гузоштаанд. Аз ҳар 10 давлат сад зарбулмасал бо забони маҳаллӣ интихоб ва бо забони англисӣ ва форсӣ тарҷума шудаанд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ созмони байниҳукуматии минтақавӣ аст, ки соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия барои рушди ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо таъсис дода шудааст. Соли 1992 созмон бо пайвастани ҳафт аъзои нав: Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон боз ҳам густариш ёфт. Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз дурнамои дурахшони тиҷоратӣ бой аст. ЭКО ба созмони минтақавии рушдёбанда табдил ёфтааст. Нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Давоми 12 соли охир кишварҳои аъзо барои афзоиши суръати рушди минтақавӣ ҳамкориро густраиш додаанд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ якчанд лоиҳаро дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо оғоз кардааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






